Боздиди навбатии Хайруллоев

Рўзи 13-уми июни соли 2018 Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев аз муассисаи ислохии рақами 7-и шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

Дар вақти ташриф ӯро муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода ҳамроҳӣ намуд. Дар муассисаи ислоҳии рақами 7-и шаҳри Душанбе Ш.Хайруллоев аз минтақаи зист, аз ҷумла ҷойҳои хоб, масҷид, чойхона, обектҳои коммунали-маишӣ ва ҳуҷраҳои мулоқоти дарозмуддат дидан намуда, аз вазъи воқеъии хайати шахсӣ ва махкумшудагон шинос шуданд.

Ҳамчунин дар рафти боздид аз муассисаи ислоҳӣ Ш. Хайруллоев бо хайати шахсӣ мулоҷот ва бо маҳкумшудагони муассиса ҳамсўҳбат гашта, онҳоро бо Иди фитр табрик намуд.

Қобили қайд аст, ки дар муассисаи ислоҳии  рақами 7-и шаҳри Душанбе маҳкумшудагон — собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ адои ҷазо менамоянд.

Ташрифи Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ба муассисахои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба иртиботи  дастуру супоришҳои Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон оид ба хабардор гардидан аз шароити буду боши маҳкумшудагон   дар мохи шарифи Рамазон сурат гирифт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *