Боздиди раиси ноҳияи Кӯшониён аз рафти сохтмони бинои баландошёна
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин аз рафти сохтмони бинои баландошёна дидан намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Кӯшониён, бинои мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
— Бояд қайд намуд, ки бо ба истифода додани бинои мазкур масъалаи таъмини сокинони шаҳрак бо хонаҳои истиқоматӣ қисман ҳалли худро ёфта, симои маркази ноҳия боз ҳам зебо мегардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ