Боздиди раиси вилояти Суғд аз Қалъаи Хуҷанд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд боздид намуда, корҳои таъмиру барқарорсозии иншотии таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин бораи хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иншооти таърихиву фарҳангӣ аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги миллӣ ҳифз карда мешаванд. Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
— Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то имрӯз аксари корҳо ба итмом расонида шудаанд,- меафзояд манбаъ.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ барои пурра нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ дар вақти барқарорсозӣ, бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда ва зиёд намудани шумораи сохтмончиён ба масъулин супоришҳо додааст.
Бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ