Боздиди Саидзода аз сохтмони соҳаи маориф дар Конибодому Исфара
Вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар шаҳри Конибодом ва Исфара аз раванди кори сохтмон дар иншооти соҳаи маориф боздид намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати маориф ва илми кишвар, 20 июли соли равон зимни сафари корӣ Раҳим Саидзодаро муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода ва роҳбарияти шаҳрҳои Конибодом ва Исфара ҳамроҳӣ намудаанд.
“Аснои сафар вазири маориф ва илм аз раванди сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №48, Муассисаи таҳсилоти томактабии №1, №2-и шаҳри Конибодом ва дигар корҳои таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи маориф шинос гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм аз ҷараёни сохтмони муассисаи нави мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара дидан намуд.
Дар назар аст, ки муассисаҳои мазкур дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ