Боздиди Сарвазир аз минтақаҳои осебпазири ноҳияи Темурмалик

Имрӯз, 4-уми январи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар кард.

Сарвазири мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар намояндагони расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Темурмалик оғоз гардид.

Тибқи нақшаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сади дарёи Сурхоб, воқеъ дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти «Чилчаҳ» боздид ба амал оварданд.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, дар умум 27 километрро дар ноҳия мавзеъҳои хатарнок ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 4330 метр мавзеи хатарнокиашон баланд мебошанд, ки аз ин дар деҳаи Танобчии боло 800 метр, дар деҳаи Танобчии поён 400 метр, дар шаҳраки Баҳманрӯд 750 метр, дар мавзеъи Ҳамровиё 1200 метр, дар Ҷамоати деҳоти «Кангурт» 530 метр, дар деҳаи Шибанай 650 метр ҳастанд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 670,0 ҳазор сомонӣ барои кашонидани 340 тахтасанг аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳо ҷудо ва сарф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *