Боздиди саёҳони рус аз Ӯзекистон камтар аст

Дар ҳамоиши Ӯзбекистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ, ки дар шаҳри Новосибир баргузор шуд, сабабҳои боздиди шумори ками сайёҳони рус гуфта шуданд. Дар ин бора Иттифоқи миллии сайёҳии Русия хабар додааст.

Коршиносон гуфтанд, сайёҳони рус барои он ба Ӯзбекистон кам мераванд, ки билетҳои ҳавопаймо гарон, масири сафар ба воситаи роҳи оҳан хеле дароз буда, дар бораи Ӯзбекистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ огаҳиҳо мавҷуд нестанд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон моҳи октябри соли равон бо истинод ба сомонаи «Туту.ру» хабар дод, ки ин кишвар бори нахуст дар раддабандии самтҳои машҳури сайёҳии шаҳрвандони Русия дар ҷашни Соли нав дар мақоми аввал аст.

Ба иттилои сомона, соли гузашта Ӯзбекистон дар мақоми ҳафтум қарор дошт. Бино ба омори расмӣ, соли равон назар ба соли гузашта ду баробар бештар билети парвоз ба Ӯзбекистон фурӯхта шудааст. Дар раддабандӣ мақоми дувумро Олмон ва севумро Ҷумҳурии Чех касб кардаанд. Соли гузашта Олмон дар мақоми аввал, Ҷумҳурии Чех дувум ва Молдова севум буданд.

Бар пояи омори марзбонони Русия, аз аввали соли равон то ба ҳол 128 ҳазору 808 шаҳрванди Русия аз Ӯзбекистон боздид карданд, ки 27 ҳазору 158 тани онҳоро сайёҳон ташкил медиҳанд ва ин теъдод назар ба соли гузашта 25,9% бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *