Боздошт шудани роҳзанҳои шабонаи Душанбе (Аксҳо)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ҷавононе, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, хабар медиҳад.

Аз Вазорат  хабар додаанд, инҳо сокинони 23-солаи шаҳри Кӯлоб Шермуҳаммади Бозор ва Исмоил Мухторов мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ даст ба ҷинояткорӣ задаанд.

Аз ҷумла, шаби 31 июли соли равон гумонбарон дар маҳаллаи Гипрозем ба шаҳрванд Маҳмадзариф Дамиров ҳуҷум карда, дар баробари ӯро буғӣ ва зери лату кӯб қарор додан, ҳамзамон бо корд ҷабрдидаро захмӣ карда, телефони мобилиашро рабудаанд.

Гумонбарони ин ҷиноят кирдорҳои зиддиҷамъиятии худро идома дода, дар кӯчаи Борбад низ бо таҳдиди зӯроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Абдуғаффор Давлатов, ки 1070 сомонӣ арзиш доштааст, аз они худ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани се амали ҷинояти дуздӣ низ гумонбар дониста мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *