Боздошт ва ҳабси блогере, ки наворҳои бадахлоқонаро паҳн мекард

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҷаҳонгир Раҳимзодаи 19 –соларо барои паҳни наворҳои бадахлоқона дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардаанд.

Номбурда ҳамагӣ 19 сол дошта,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов аст.  

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳарчанд номбурда ҷиҳати паҳн накардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи дигарон огоҳонида шуда бошад ҳам, вале  ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, пайи ҳам даст ба қонуншиканӣ задааст.

“Номбурда дар шабкаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста наворҳои дорои алфози қабеҳу таҳқиркунанда ва бадномкунандаи шаъну шарафи инсониро паҳн мекард”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба  Раҳимзода Ҷаҳонгир барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд.

Суд дар нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *