Боздошт ва ҳабси дағалгуфтору сархуш дар Душанбе
Кормандони милитсияи пойтахт дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, барои вайрон намудани тартибот дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрванд Саидов Комил Анваровичро дастгир карданд.
Чуноне аз навор дида мешавад, номбурда 8-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:10 дақиқа ҳангоми дар дохили автобуси хатсайри №3 қарор доштан, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Саидов Комил дар он замон дар ҳолати сархушӣ қарор доштаааст.
Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ