Боздошт ва ҷазои ҷавонписару ҷавонзан барои латукуби ҳамдигар

Санаи 12 август ба суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наворе барои баррасӣ ворид гардид, ки дар он муноқишаи як нафар ҷавонписар, ронандаи таксии Ширкати «1111» бо як нафар ҷавондухтар сабт гардидааст.

  Бо мақсади ошкору муайян намудани нафарони дар навор инъикосгардида кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор намуда, барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур онҳоро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
Инҳо:
Зиёратзода Билолиддин Муҳаббатшо соли таваллудаш 24.02.1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Конститутсия, ронандаи ширкати «Талко-персия»;


Муминова Табассум Хайруллоевна 10.05.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов;


  Дар рафти санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки ҳарду боздоштшуда бо ҳам шинос буда, номбурдагон санаи 12 август ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Р.Набиев, назди собиқ бозори Ҷал-Ҷам аз паи баҳси бамиёномада якдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дар мавзеи ҷамъиятӣ варйон намудаанд. Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҳарду дастгиршуда тибқи таблаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои барарсӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол гардид.
  Санаи 13 август бо Қарори Суд нисбати шаҳрванд Зиёратзода Билолиддин Муҳаббатшо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонаруз татбиқ карда шуда, бо назардошти ҳомиладор будани шаҳрванд Муминова Табассум нисбаташ шартан ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.

Бознашр аз Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *