Боздошти ҳунарпешаи эронӣ Парасту Аҳмадӣ
Хадамоти махсуси Эрон овозхон Парасту Аҳмадӣ ва гуруҳи навозандагонашро баъд аз нашри консерти онлайнӣ дар YouTube боздошт ва дертар раҳо кард. Ин сарояндаи эронӣ дар консертии онлайнӣ бо либоси беостин ва бе ҳиҷоб баромад кардааст.
Дар ин бора хабаргузории “Iran International” хабар медиҳад.
Ҳарчанд ки дар Эрон шабакаи YouTube баста шудааст, вале дар як шабонарӯз 150 ҳазор нафар ин наворро тамошо карда, давоми ҳафта шумораи тамошобинон ба ду миллион расидааст.
Нисбат ба сарояндаи эронӣ Парасту Аҳмадӣ барои иҷрои мусиқии мустақим ва бе ҳиҷоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Мақомот изҳор доштаанд, ки консерт «иҷозати ҳуқуқӣ надошт ва ба стандартҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мувофиқат намекард», зеро қонунҳои Эрон сурудхонии яккаса ва бе ҳиҷоб баромад карданро манъ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ