Боздошти ҷавон барои бадахлоқи
РВКД аз боздоти ҷавон 20 – 25 хабар дод, ки рӯзи 14-уми июл ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медод, ва ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ва нигаронии шаҳрвандонро ба вуҷуд овар.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич соли тавалудаш 27.02.2000 зодаи шаҳри Турсунзода, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон буда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд (сладкая вата) машғул будааст.
“Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ зимни қарор доштан дар кӯчаи К.Хуҷандӣ баъди пешоб кардан ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона намудааст”, — омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои РВУД Душанбе, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Хумаров Сиёвуш барои содир намудани кирдори ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ