Боздошти ҷавон барои таҳқир ва латукуби духтар

Як нафар ҷавондухтари 20 сола, сокини пойтахт ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати амалу рафтори як нафар ҷавонписар, ки бо ҳаракатҳои бадахлоқона дар ҷои ҷамъиятӣ ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, аз мӯи сараш кашола намудааст, чораандешӣ карда шавад.
  Дар доираи баррасии муроҷиати мазкур кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавонписари дар ин кирдори зиддиҷамъиятӣ дастдоштаро муайян намуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва сабабу омилҳои сар зарзадани ин ҳодисаро ошкор намуданд. 

  Дар натиҷа муайян гардид, ки ҷавонписари дағалгуфтор шаҳрванд Бекзода Валиҷон Акаҷон соли таваллудаш 30.01.1992, истиқомткунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Ховарон, кӯчаи Мирзобеков буда, санаи 3-юми июли соли ҷорӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Ф.Ниёзӣ, назди мағозаи «Артел» ҷавондухтари муроҷиаткунандаро ба наздаш даъват намуда, аз охирон мехоҳад якҷоя ба ягон мавзеи фароғатӣ рафта, ба чилимкашӣ (калян) машғул шаванд. Аммо ҷавондухтар аз ин даъвати ҷавонписар, ки ӯро бори аввал дида, байнашон ягон муносибати шиносоӣ вуҷуд надорад, ба хашм омада, ҷавоби рад додааст. Дар ин лаҳза дастгиршуда Бекзода Валиҷон дар ҷои ҷамъиятӣ ва дар ҳузури дигар дугонаҳояш нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дашному суханони қабеҳ намуда, ҳамзамон бо роҳи кашидани мӯйи сар ба ӯ озори ҷисмонӣ низ расонидааст.

  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Бекзода Валиҷон бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст. 

  Бо истифода аз ин фурсат, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳуқуқу манфиатҳои Шумо таҳти муҳофизати қонун қарор дошта, дар ҳолати поймол шудани он метавонед ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат намоед. Ҳамаи муроҷиат, арзу дархост ва шикоятҳои Шумо мавриди санҷиши ҳаматарафа ва чораҷӯии саривақтӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш тавассути сомонаи Раёсат хабар дода мешавад.

Бознашр аз саҳифаи РВКД

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *