Боздошти ҷавоне, ки фарзандашро аз ҳаёт маҳрум сохт
Ҷаҳонгир Қурбонзодаи 31-сола аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Ӯ сокини ноҳия Темурмалик буда, барои аз ҳаёт маҳрум сохтани духтарчаи дусолааш дастгир шудааст.
Воқеа чунин рӯй додааст, ки Қурбонзода Ҷаҳонгир сархуш ба хона омода, ҳамсарашро латукӯб мекунад. Дар ин лаҳза духтарчаи 2 — солааш гиря мекунад. Ин мард худро идора карда натавониста, ба духтарчааш ҳамла намуда, ӯро буғӣ мекунад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳоло нисбат ба Ҷаҳонгир Қурбонзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ