Боздошти ҷавони 24-сола бо гумони таҷовузи ноболиғон
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ӯ бо гумони содир намудани ҷиноятҳои марбут ба озодии ҷинсӣ дастгир шудааст. Таҳқиқоти пешакӣ нишон додааст, ки ҷавони мазкур аз моҳи ноябри соли 2024 то имрӯз бо духтари ноболиғ, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, муносибатҳои ғайриқонунии ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ анҷом медодааст.
Ҳамчунин, маълум шудааст, ки ӯ нисбати се ноболиғ ва чанд зани дигар низ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Айни ҳол нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ