Боздошти ҷавони саркаш аз хизмати ҳарбӣ
Дар ноҳияи Зафаробод ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ боздошт шуд.
Бино ба иттилои ВКД, ҷавонписар дар даъвати тирамоҳӣ бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Русия рафтааст.
Нисбати ин ҷавони 22 –сола тибқи моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Бояд гуфт, ки ин банди қонунгузорӣ ҷарима ё худ марҳум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ