Боздошти 1 нафар дар пайи 15 куштор

Дар пайи чанд кушторе, ки моҳҳои март ва апрел дар Конибодом рух дод, як гумонбар дастгир шудааст.

Дар ин бора Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ ин корро пеш мебарад. Бино ба хабарҳое, ки ман дорам, як нафар боздошт шудааст. Боқимондаи кор идома дорад. Дар рӯзҳои наздик боз хабар медиҳанд»,- зикр намудааст Тухтасунзода рӯзи 31-уми июл.

Бо сабаби халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот дар бораи гумонбар чизе гуфта намешавад.

Вале раиси шаҳри Конибодом ба ҳам пайваст будани чанд куштори пурсарусадоро дар ин шаҳр рад кард ва гуфт, ки онҳо бо ҳам алоқамандӣ надоранд.

Ин мансабдор наворҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва сиёҳпӯше ба хонаҳои одамон медаромад, шарҳ дод.

«Сиёҳпӯшҳо дар ҳудуди шаҳри Конибодом набуд. Он видеое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофтанд, ба ягон ҷойи шаҳри Конибодом монанд набуд ва чунин одам ҳам нест. Ҳамаи ҳамин чиз барои мардумро ба таҳлука андохтан буд»,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то ҳол ҳодисаҳои куштор дар шаҳри Конибодом ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Дар ин муддат 5 куштори оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Сокинон нигаронанд, ки бо гузашти 4 моҳ натанҳо ин кушторҳо ошкор нашуданд, балки мақомот шарҳе намедиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *