Боздошти 10 шаҳрванди хориҷӣ бо қочоқи маводи мухаддир

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10 шаҳрванди хориҷӣ барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 5 нафар зиёданд.

Ин омор дар нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Ба гуфтаи Самад Зафар, директори Агентии мазкур, аз онҳо беш аз 235 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Аз шумораи умумии боздоштшудаҳо 5 шаҳрванди Афғонистон, 3 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 шаҳрванди Қазоқистону Қирғизистон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *