Боздошти 11 хонандаи мактаб дар ҳолати мастӣ
Дар шаҳри Душанбе хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и МТМУ №56-и ноҳияи Сино дар ҳолати мастӣ боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, ки 1-уми сентябр кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 11 нафар хонандаи ин мактабро, ки дар Рӯзи дониш дар тарабхонаи «Роҳат» зиёфат ташкил карда, машруботи сипиртӣ нӯшида буданд, дар ҳолати мастӣ боздошт карданд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 11 нафар хонандагон ва маъмурияти тарабхона протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ