Боздошти 113 нафар бо гумони аъзогӣ ба «Ихвон-ул-муслимин»

Имрӯз дар нашасти хабарӣ Прокурори генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки алайҳи 113 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистӣ-террористии «Ихвон-ул-муслимин» парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Гуфта мешавад, ки муфатишони Прокуратура дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаҳои мазкурро баррасӣ карда истодаанд.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки нисбати дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад.

Прокурори генералӣ гуфт, ки миёни нафароне, ки ҳафтаҳои охир дастгир кардаанд, як нафар аз мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Исфара қарор дорад ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ба қавли ӯ, зиёда аз 20 нафари дигар ба иттиҳоми узвият дар созмони «Ихвон-ул-муслимин» боздошт шудаанд, ки иддаи аз донишгоҳҳои олӣ ва мақомоти ҳукуматӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *