Боздошти 16 узви ҲНИТ дар Ашт
Рӯзи ҷумъа се сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки пеш узви ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) буданд, боздошт шуданд.
Чанд рӯз пеш 5 тани дигар ва дар ин авохир дар маҷмӯъ 16 узви собиқи ҲНИТ дар ҷамоати Понғоз дастгир шудаанд.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ин 16 узви собиқи ҲНИТ сокинони деҳаҳову маҳаллаҳои Саро, Бободархон, Хиштхона, Бӯрак ва худи Понғоз буда, аз ҷониби маъмурони раёсати амнияти миллии вилояти Суӯд дастгир шудаанд ва ба онҳоро ба Хуҷанд бурдаанд.
Дар бораи сабабҳои боздошти ин афрод маълумоти расмие дода нашудааст. Ҳадс зада мешавад, ки бархеи онҳо ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия гумонбар мешаванд.
Ҷамоати Понғоз дар ноҳияи Ашт бо сатҳи баланди гароиши мазҳабии сокинонаш фарқ мекунад ва ин минтақа дар гузашта аз манотиқе ҳисоб мешуд, ки ҲНИТ дар он нуфузи бештар дошт.
Боздошти 16 узви собиқи ҲНИТ аз ин минтақа дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ 3 сокини деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз — Завқиддин Усмонов, Розиқ Имомов ва Шӯҳрат Норматов бо ҷурми даст доштан дар «салафиятгароӣ» бо ҳукми додгоҳ чорсолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Сокинони ин деҳа замоне боздошт гардиданд, ки сокини дигари ҳамин ҷамоат Абдукарим Аҳмадҷонов ҳангоми фирор ба Русия дастгир шуд ва дар ҷараёни тафтиши парвандаи «салафиягароӣ”-яш ба зидди ин 4 нафар баёнот дода, онҳоро ҳам аз паи худ ба зиндон кашид. Додгоҳ худи Абдукарим Аҳмадҷоновро барои 6 сол маҳкум ба зиндон кард.
Дар бораи ҷузъиёти парвандаҳои ин афрод дигар маълумот вуҷуд надорад, аммо ҳамаи онҳо дар гузашта фаъолони ҳизби наҳзат дар ҷамоати Понғоз буданд.
Падари Завқиддин ва Шӯҳрат ҳарду омӯзгор буда, айни замон дар нафақа қарор доранд. Ба назар мерасад, ки дар байни афроде ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, фарзандони оилаҳои зиёӣ низ зиёданд.
Сокини дигари ин деҳа Собир Ашӯров ба сафи ДОИШ пайваста дар соли 2015 дар Сурия ба ҳалокат расида буд. Ӯ низ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, падараш дар мактаб муаллим буд.
Бародари Шӯҳрат, Искандар Норматов низ бо моддаи 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2016 инҷониб дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дорад. Моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шомилшавии сокинони ин ҷамоат ба равияҳои хусусияти террористӣ дошта нисбат ба дигар ҷамоатҳои ноҳияи Ашт зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ