Боздошти 24 марзшикан дар сарҳади Ӯзбекистон бо Афғонистон (аудио)

Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҷазираи «Арал Пайғамбар»-и вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.

Дар ин бора  маркази матбуоти мақомоти марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон хабар додаааст.

Гуфта мешавад, ки ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.

«Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад», — омадааст дар иттилоия.

Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.

Қаблан сухангӯи пулиси Толибон* дар вилояти Балх Мавлавӣ Идрис низ ба агентии Sputnik рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ намуд, аммо тафсилоти зиёд ироа накард. Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

*Ҳаракати дар Тоҷикистон, Ӯзбекитстон ва кишварҳои дигар мамнуъ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *