Боздошти 5 фолбин ва ҷодугар дар Хатлон

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар идомаи мубориза бо ашхосе, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғуланд, як қатор амалиёти санҷишӣ гузаронида, боз 5 ҳолати мардумфиребиро дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ошкор карданд. Мубориза дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ашхосе, ки худро миёни мардум «фолбин» ва «ҷодубарор» муаррифӣ намудаанд, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду боздошт шуданд. Онҳо инҳоянд:

▪️Сайфуллоева Мақсад Тошқуловна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;

▪️Пиров Маҳмадраҳим Холович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Вахш;

▪️Бабаярова Улдона Эргашевна, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ёвон;

▪️Қаландарова Муайяна Давлатовна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;

▪️Мирзозода Азамат Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин ашхос дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба амалҳои фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул будаанд.

Ҳангоми азназаргузаронии манзилҳои онҳо як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифода мешуданд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шахсони зикршуда тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Борҳо таъкид мегардад, ки нафарони  хурофотпараст зери ниқоби “сеҳргару мушкилкушой“ бархе аз инсонҳои сустақидаро бо ҳарфҳои пучу беҳуда ва ҷаҳолатпарваронаи худ моил намуда, дар тафаккури онҳо ҷаҳолатро парвариш мекунанд.

Дар пайи ҳарфҳои дуруғини ин тоифаи мардумфиреб оилаҳо пош хурда, мизоҷони сустақидаи онҳо аз дарки воқеият ва арзишҳои инсонӣ маҳрум мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image