наручник

Боздошти 5 тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар Олмон

Прокуратураи Олмон аз боздошти 7 нафар зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми терроризм хабар дод.

Гуфта мешавад, ки 5 нафари онҳо зодаи Тоҷикистон, як кас аз Қирғизистон ва як нафари дигар аз Туркманистон мебошанд.

Ному насаби ҷинояткорон чунин будааст: Ато А. (Туркманистон), Аброрҷон К. (Қирғизистон), Муҳаммадшуҷо А., Нуриддин Қ., Шамшуд Н. ва Рабони З. (Тоҷикистон).

Бино ба иттилоъ, боздоштшудаҳо ба таъсис додани гурӯҳи террористӣ дар Олмон ва ҳимоят аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) гумонбар мебошанд. Онҳо аллакай дар пайи талоши ҳадафашон, яъне ҷамъоварии силоҳ буда, барои ДИИШ пул ҷамъоварӣ мекардаанд ва чанд бор барои ин созмон ба хориҷа пул интиқол додаанд.

Илова мекунем, ки боздоштшудаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доршта, мурофиаи онҳо ба зудӣ баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *