Боздошти 5 узви гурӯҳӣ ҷинояткорон дар Душанбе

Бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оиди ҳаллу фасл намудани муносибатҳои молиявӣ тибқи қонунҳои амалкунанда ҷиноят ба ҳисоб рафта, ҷавобгариро дар пай дорад.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе чунин як ҷинояти авбошиеро ошкор ва нафарони гумонбарро дастгир намуданд, ки онҳо мехостанд бо роҳи ҷиноят муносибат ва додугирифти пулии як нафарро ба қавле «ҳал» кунанд.
Тибқи маълумоти тафтишотӣ шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддин Ҳукматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, барои рӯёнида гирифтани маблағҳои қарзияш, ки дар дасти шаҳрванд Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе мебошад, бо охирин баҳсу мунозира намудааст.
Раҷабов Р.Б. бошад, барои ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта аз роҳи мусолиҳатомез кор нагирифта, рафиқони худро, ки гӯё дар ҷомеа барои рӯёнида додани маблағҳои қарзӣ ё бо дигар роҳ ҳал намудани он нуфузи ҷиноӣ доранд, ҷалб намудааст.
Сипас, санаи 27-уми июли соли ҷорӣ номбурда ба воситаи шаҳрванд Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, бо мақсади бо роҳи ҷиноят ҳал кардани муносибати молиявии зикргардида, ки намехост маблағи қарзияшро баргардонад, шаҳрванд Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанберо ба ин кор вобаста кардааст.
Дар навбати худ Давлатов Айём бо ҳамроҳии шаҳрванд Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва дигар ҳаммаслаконаш ба кӯчаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ Юсупов Ҳ.-ро даъват намуда, ҳангоми гуфтугӯ байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Ҳамзамон шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддинро барои маблағи пулиашро пурсиданаш ва дар охир Раҷабов Р. ва дигаронро таҳқир намуданаш зери лату кӯб қарор дода, бо корд ӯро захмӣ кардаанд.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳамчунин, гуноҳи Юсупов Ҳ.-ро барои таҳқир намудани Раҷабов Р. муайян намуда, барои ҷуброни гуноҳаш маблағи пулие, ки бояд Раҷабов Р. ба ӯ ҳамон лаҳза медод онро аз дасти Юсупов Ҳ. гирифта, байни худашон тақсим мекардаанд.
Дар натиҷа кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ гумонбарони ин ҳодисаи ҷиноятиро муайян ва дастгир намуда, сабабу омилҳои ба ин ҷинояти вазнини хусусияти хавфноки ҷамъиятидошта даст задани онҳоро муайян намуданд.
Айни ҳол нисбати гумонбаршудагони зерин:

1. Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Возеҳ,

2. Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,

3. Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон,

4. Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, деҳаи Деҳлоло,

5. Юсупов Ҳамоидддин Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар,

бо моддаи 237 қисми 2 ва 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршавадаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Илова бар ин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни дигари ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *