Боздошти 500 нашъаҷаллоби тоҷик дар Русия

Мақомоти Русия дар нимаи аввали соли 2024 беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардааст.

Зафар Самад, директори Агентии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт: «Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар кишварҳои хориҷӣ 528 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд. Аз ҳама бештар — 502 нафар дар Федератсия Русия, 23 шаҳрванди мо дар Ӯзбекистон ва 3 нафар дар Қазоқистон ба даст афтодаанд. Аз онҳо дар умум 96 кило маводи нашъадор мусодира кардаанд”.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2024 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 3 тонна, дақиқтараш 3 тоннаву 96,6 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки ин назар ба нимаи аввали соли гузашта 619 кило, ё 25% бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *