Боздошти 65 ронанда бо мошинҳои гаронарзиш ва рақамҳои «крутой» (видио+аксҳо)
Давоми 3 рӯзи «Амалиёти шӯълавар” дар шаҳри Душанбе 65 мошини гаронарзиш, ки бо насби садодиҳандаҳои гушхарош ва тағйиротҳои ғайри қонуни ворид намудан дар тарҳи автомабил дастгир шуданд. Дар ин бораи РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тавре РВКД Душанбе гуфт, дар ҷараёни амалиёт 65 ҳолати насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Нисбати онҳо бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо мусодира намудани асбобу таҷҳизоти ғайристандартӣ дар майдончаҳои махсуси РВКД Душанбе ва ШБДА боздошт карда мешаванд.
Ронандагоне, ки дар рафти амалиёт дастгир гардидаанд инҳо мебошанд:
-ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ Ровер, рақами қайди давлатӣ 1993OL01 Исроилов Хуршед Исроилович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ Х-5, аломати қайди давлатӣ 0800JJ01 Табаров Раҷабалӣ Қурбоналиевич;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатӣ 0082НН01 Ашурбеков Бахтиёр Азизбекович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-Оптима, рақами қайди давлатӣ 1111AN01 Раҳимзода Санҷар Олимхон;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайд 1111ХЕ01 Назарзода Анвари Мунавваршо;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, рақами қайд 0044РР01 Зокиров Муҳаммад Фарҳодҷонович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайди давлатӣ 0010DK01 Шамсиддинзода Муслиҳиддин;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес С-класс, аломати қайд 9373РВ01 Қаҳоров Саидбек Асомуддинович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ рақами қайди давлатӣ 0102OQ01 Мадалиев Билол Азамҷонович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Лада-Приора, аломати қайд 100АА03 Раҳимов Фарҳод Исломиддинович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, аломати қайд 3888АS01 Арванити Денис Михайлович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Опел, аломати қайд 4000ОА03 Содиқов Сиёвуш Мизробшоевич;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайд 5982РВ01 Кенҷаев Файзиддин Юсупович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, аломати қайд 0616RX01 Тағоев Абдурауф Абдураҳмонович;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота, аломати қайд 4442АА01 Сайфуллоев Сайдалӣ Ҳайдаралиевич;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Киа, аломати қайд 9868ТТ01 Яров Саидакбар Маҳмадалиевич;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота, аломати қайд 2277JJ01 Асламов Шокирҷон Тешаевич;
-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайд 5051НЕ01 Баллаев Маҳмадёр Давлатёрович;
Ба ҳамин монанд 47 нафар ронандагони дигар ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо мусодира намудани асбобу таҷҳизоти ғайристандартӣ дар майдончаҳои махсуси Раёсати ВКД ва шаҳри Душанбе ва ШБДА боздошт карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки истифодаи сигналҳои овозии гушхарош бо овози баланд ва чароғакҳои равшанидиҳандаи ғайристандартӣ ба пиронсолон, бачагон ва ашхоси дорои бемориҳои гуногуни фишорбаландӣ таҳлука ва ваҳму ҳарос оварда, боиси нороҳатии онҳо мегардад. Илова бар ин истифодаи чароғакҳои равшанидиҳанда дар қисмати шабонгоҳ дидашавандагии ронандагони самти муқобилро маҳдуд намуда, ба бехатарии ҳаракати мунтазам таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ