Туркия

Боздошти “Абӯ Маймун”-и тоҷикистонӣ дар Истанбул (аудио)

Мақомоти пулиси Туркия ду нафар узви эҳтимолии гуруҳи фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро, ки дар шаби Соли нав анҷом додани амали террористиро дар Истанбул тарҳрезӣ карда будаанд, боздошт намуд.

Дар ин бора газетаи Sabah хабар додааст. Гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо ному насаби К.З.И. ва лақаби “Абӯ Маймун” дар “Давлати исломӣ” коршинос оид ба маводи таркандаи худсохт будааст. Муайян карда шудааст, ки ӯ ба аъзои созмони террористӣ ин корро меомӯхтааст. Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати созмон фаъолияти таблиғотӣ мебурдааст.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, боздоштшудагон мехостаанд, ки як ҳамлаи террористии монанд ба 1-уми январи соли 2017-ро дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, анҷом диҳанд.  Он замон бар асари амали террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Ба иттилои мақомоти пулис, “Абӯ Маймун” ба ҳабс гирифта шуда, нисбати шаҳрванди Ӯзбекистон расмиёти истирдод кардан оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *