Боздошти Алиакбар дар доираи амалиёти «Корд»

Як нафар фурӯшанда ва паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз қабили кордҳои гуногунтамға дастгир гардид.

Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи  амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсия 21-уми феврали соли ҷорӣ зимни санҷиш муайян гардид, шаҳрванд Эмомов Алиакбар Сафарович, соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши предметҳои таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.

“Зимни пурсиш шаҳрванд Эмомов Алиакбар изҳор дошт, ки предметҳои зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯш гузоштаст, ки онро асосан ҷавонону ноболиғон харидорӣ мекардаанд. Воқеан ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балкӣ бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ харидорӣ мекунанд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбати Эмомов Алиакбар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ, ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *