Боздошти Ҳамроев аз ҷониби Хадамоти амниятии Русия

Субҳи 29 сентябр Хадамоти федеролии амнияти Русия фаъоли маркази «Мемориал», роҳбари созмони «Ёрдам» Баҳром Ҳамроевро дар манзилаш боздошт кардаанд. Дар ин бора ҳамсари Ҳамроев хабар додааст.

«Мемориал» ва «Кумакҳои шаҳрвандӣ» аз мақомот талаб кардаанд, ки сабаби боздошти Ҳамроевро шарҳ диҳанд. Субҳи 30 сентябр хабар расид, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия Баҳром Ҳамроевро раҳо кардааст. Аммо то кунан компютер, китобҳо ва ҳуҷҷатҳои дигареро, ки аз манзили вай бурда буданд, барнагардондаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти қудратӣ ба чи далеле Ҳамроевро боздошт кардаанд.

— Кормандони Хадамот аз вай пурсидаанд, ки «Чаро «Ҳизби Таҳрир»-ро ҳимоя мекунад», — мегӯяд роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Кумакҳои шаҳрвандӣ» Светлана Ганнушкина.

Баҳром Ҳамроев аз соли 1992 ба ин сӯ дар Русия ба фаъолияти вакилӣ машғул аст. Дар солҳои охир вай бештар аз ҳуқуқҳои афроде ҳимоят мекард, ки дар тундгароии исломӣ ва дигар айбҳои дорои характери динӣ муттаҳам мешаванд. Ба ҷуз ин, Ҳамроев дар ҳалли масъалаи муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ ба Русия мусоидат мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *