Боздошти ҳамсари як мухолифи тоҷик дар Қирғизистон

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари мухолифи тоҷик Собир Валиевро боздошт карданд. Дар ин бора раиси созмони ҳомии ҳуқуқи «Килим шамӣ» Азиза Абдурасулова хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, Ҳамзаева шаби 2 октябр ҳангоми парвоз аз Истамбули Туркия ба Бишкеки Қирғизистон дар фурудгоҳ боздошт шудааст. Дар хонаи модари Ҳамзаева — Гулнора Айталиева ҷустуҷӯ сурат гирифтааст.

КДАМ-и Қирғизистон ҳанӯз боздошти Ҳамзаеваро расман тасдиқ накардааст.

Собир Валиев дар ҷаласаҳои САҲА дар Варшава суханронӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *