Боздошти ҷавонмард барои куштори падарандар

Кормандони милитсия як сокини 24-солаи ноҳияи Восеъро бо гумони даст доштан дар куштори падарандари 62-солааш боздошт кардаанд. Гумонбар қаблан бо моддаи 375-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбаршуда рӯзи 17-уми декабри соли 2016 дар назди хонаи истиқоматиаш бо падарандари 62-солааш муноқиша намуда, ӯро лату кӯб карда, ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ мегӯяд, сипас  ӯ ҷасади падарандарашро дар заминҳои кишти гандуми деҳаи Навкорами ноҳия бурда, зери хок намудааст.

Манбаъ менависад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *