Боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гюлен
Бародари руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти 15 июл айбдор мекунад, дар Туркия боздошт шудааст.
Хабаргузории Anadolu рӯзи якшанбе иттилоъ дод, ки Қутбиддин Гюлен дар ҳамдастӣ бо исёнгарон гумонбар мешавад.
Фатҳуллоҳ Гюлен дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва Анқара борҳо аз Вашингтон хост, ки ӯро таслим кунад. Вале руҳонии турк мегӯяд, агар даст доштанашро дар табаддулоти 15 июл додгоҳи мустақил исбот кунад, худаш ба ватан хоҳад баргашт.
Кӯшиши табаддулот дар Туркия шаби 15 ба 16 июли соли равон сурат гирифта, ба кушта шудани 240 одам сабаб шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ