Боздошти блогер барои паст задани шаъни духтарон

  Гурӯҳе аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, нисбати як нафар блогери тоҷик, ки бо сабти наворе шаъну шарафи духтари тоҷикро паст задааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

 Тавре ки  маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ин навори ба мақомоти милитсия фиристодашуда, ки ҳамзамон дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардидааст, ҷавонписари блогер ба қавле «Пранк» ба навор гирифта, ҷавондухтареро гӯё ба хотири санҷиши «садоқат» партовгоҳе мебарад. Ҷавондухтар аз ин амали ҷавонписари ба қавле дустдораш ба хашм омада, ҷавонписарро дашному сарзаниш намудаву аз макони партовгоҳ фирор мекунад.

Блогер  бо нашри ин навор занону духтарони тоҷикро паст зада, онҳоро ба бевафоӣ гунаҳкор намудааст.

  Ин амали ҷавони блогер мавриди мазаммат ва вокуниши шадиду манфии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

  Вобаста ба ин дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон муайн карда шуда, ки ҷавонписари дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Беқулов Аҳлиддин Ҷурабекович соли таваллудаш 02.02.1990, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи А. Савдо;

ҷавондухтар шаҳрванд Зиёдуллаева Моҳру Рустамовна соли таваллудаш 16.04.1998 зодаи шаҳри Турсунзода ҷамоати деҳоти Қаратоғ, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Н. Карабоев мебошад.

Зимни санҷиш ва пурсиши номбурдагон муайян карда шуд, ки навори мазкур бо иҷозат ва хоҳиши худи ҷавондухтар сабт шуда, мехостанд бо ин роҳ машҳур ва бо гузоштани он дар соманаҳои иҷтимоӣ маблағ ба даст оваранд.

Бо дар назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҷавонписар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *