Боздошти боз ба ном як маъюби сохта дар пойтахт
Талабов Одинахуҷаи 50 соларо , кормандони милитсияи пойтахт, боздошт карданд.
Номбурда дидаву дониста хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, худро зоҳиран ҳамчун маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекардааст. Дар асл Талабов ҷисман солим буда, мақсади асосиаш бо ин роҳ ба даст овардани маблағи муфт ва истеъмоли машрубот мебошад. Дар мавриди ошкор ва боздошти ӯ сомонаи раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Талабов Одинахуҷа бо вуҷуди қаблан огоҳи гирифтан аз ҷониби мақомоти марбута, ислоҳ нагардида ба амали худ идома додааст. Ҳоло башад нисбати вай протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ