Боздошти боз ду фолбин дар Душанбе
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон Саодат Раҳмоноваи 55 — сола ва Татьяна Амирхановаи 63 — соларо, ки муддати тӯлонист дар манзили истиқоматиашон ба амалҳои хурофотӣ машғул буданд, боздошт карданд.
Номбурдагон ба воситаи расм ва истифодаи шамъ гӯё муносибати зану мардро хуб мекарда бошанд, бо ин роҳ шаҳрвандонро фиреб дода, манфити молӣ ба даст меовардаанд.
Вобаста ба ин, нисбати ҳардуяшон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ