Боздошти боз ду кордбадаст дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе амалиёти “Корд”  идома дорад. Кормандони милитсияи пойтахт боз чанд кордбадастро боздошт карданд, ки яке сокини Фархор ва дигаре сокини шаҳри Душанбе мебошанд. Онҳо кистанд?

Тавре ки РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз ҷавонон бо худ корд мегардонанд. Ин амал метавонад дар хурдтарин нофаҳмиҳои лафзӣ ба ҳодисаҳои нохӯш анҷомад.

Аз ҷумла, шаҳрванд Мунавваров Убайдулло Зувайдуллоевич, санаи таваллудаш 01.06.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки қабан бо моддаҳои 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид. Ӯ дар бари худ корд доштааст. 
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аҳмадҷони Нозими Саидзода, санаи таваллудаш 20.09.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор дастгир гардид, ки аз ӯ низ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

 Нисбати ҳарду  протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарорҳои суд  ба  ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ муддати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *