Боздошти боз як қаллоб дар Душанбе
Рустам Сафаров, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе барои ҷинояти дуздӣ дар ҳаҷми махсусан калони маблағ дастгир карда шуд.
Номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудааст.
Номбурда 5-уми ноябри соли ҷорӣ пинҳонӣ вориди мағозаи шаҳрванд Мавлоназарова Г., воқеъ дар кӯчаи Каринман шуда, аз дохили ҷевони оҳанин 220-ҳазор сомонӣ ва 13-ҳазору 700-доллари ҷабрдидаро рабудааст.
Баъд аз дастгир гардидан, аз гумонбаршаванда як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни замон нисбати Сафаров Р., тибқи талаботи моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ