Боздошти боз як авомфиреб барои ваъдаи фиристодани тоҷикон ба Аврупо

Ҳалимҷон Ҷабборов, сокини шаҳри Хуҷанд барои омода кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ваъдаи фиристодани шаҳрвандон ба Аврупо боздошт гардид.

Номбурда аз шаҳрвандон 15 то 30 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи баррасии аризаҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ шаҳрванд Ҷабборов Ҳалимҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ш.Хуҷанд дастгир карда шуд.

“Номбурда бо ваъдаи омода сохтани раводиди кишварҳои Аврупо аз шаҳрвандон 15 то 30-ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Айни замон 8 далели бо чунин шакл мардумфиребии ӯ ошкор гардида, оид ба ҳолатҳои дигар санҷиш идома дорад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Мақомоти милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хостааст, онҳое, ки ба фиреби Ҳалимҷон Ҷабборов қарор гирифтаанд, метавонанд тавассути телефонҳои 2210057 ва 2268486 ба милитсия муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *