Боздошти боз як гурӯҳи авбош

Милитсияи шаҳри Душанбе як гурӯҳи ҷинояткорро боздошт кард, ки онҳо ҷавононро латукӯб карда, пулҳояшонро мегирифтаанд.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нашр кард, дида мешавад, чанд нафар як ҷавонро зӯран кашола карда, латукӯб мекунанд. Ҷавон аз онҳо илтиҷо мекунад: «Ба Худо, басай акаи Азиз, мемурам». Аммо ҷавони авбош ба суханҳои илтиҷоомези ин авббош диққат намедиҳад.

Ба иттилои мақомот, ҷавони зери латукӯбшуда Комрон Бобоев, сокини 20-солаи пойтахт будааст.

Гуфта мешавад, ки Азиз Узбеков, сокини 26-солаи ноҳияи Фархор ва Фарҳод Наимов, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе ҳамроҳи чанд нафар гурӯҳи ҷиноятӣ таъсис дода, ҷавононро барои пул таҳдид ва латукӯб мекардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти милитсияи Душанбе, нисбати ин афрод парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *