Боздошти ду фолбини дигар дар Душанбе

Кормандони милитсия  дар шаҳри Душанбе ду шаҳрвандро боздошт карданд, ки бо ҳадафи пул кор кардан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул буданд.

Яке аз боздоштшудаҳо Рустамҷон Аҳророви 58 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ӯ дар фолбинӣ ва ҷодугарӣ «хизмат»-ҳои худро пешниҳод карда, худро шахси дорои қобилиятҳои хоса муаррифӣ мекард ва бо ин роҳ рӯзгорашро пеш мебурд.

Боздоштшудаи дуюм Тоҳирова Иноят, соли таваллудаш 1959 мебошад. Вай низ ба фолбинй машғул шуда, барои ба даст овардани фоида фаъолият мекардааст.

Кормандони милитсияи пойтахт нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 482-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *