Боздошти ду ронанда барои занозанӣ дар кӯча

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ронанда хабар дод, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 21-июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00, ронандаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 7481СТ01, шаҳрванд  Ахмедов Рустам Туйчиевич, санаи таваллудаш 04.01.1995, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ бо шаҳрванд Ҳамроев Алишер Содиқович, санаи таваллудаш 3.04.1988, ронандаи автомашинаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 7266TT09, аз сабаби барои аз роҳ гузаштан ба ҳамдигар роҳ надодан, номбурдагон бо якдигар муноқиша кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *