Боздошти ду тоҷик бо айбномаи терроризм

Суди ноҳияи Таганскии шаҳри Маскав Нозим Азимов ва Ӯктамҷон Раҷаматов, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо айбномаи анҷоми фаъолияти террористӣ тавассути шабакаи Интернет ба ҳабси муваққатӣ маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти суди ноҳияи Таганский, бар асоси  қарори суд ин ду нафар то 20 январ дар боздоштгоҳ боқӣ хоҳанд монд.

Ин манбаъ афзудааст, нисбати Нозим Азимов ва Ӯктамҷон Раҷаматов бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, яъне, “даъвати ошкор барои фаъолияти террористӣ, эътирофи расмии терроризм ва таблиғи он тавассути шабакаи Интернет” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тибқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ҳоло дар зиндонҳои Русия беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ин ҷумла, даҳҳо нафар бо айбномаи фаъолияти террористӣ равонаи зиндон шудаанд.

Русия аз тариқи Интерпол барои 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар узвият ба созмонҳои террористӣ гумонбар ҳастанд, ҷустуҷӯ эълон кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *