Боздошти ду тоҷики узви «Давлати исломӣ» дар Украина

Мақомоти амниятии Украина ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки узвияти «Давлати исломӣ»-ро доштаанд, дар фурудгоҳи Харкови ин кишвар боздошт кардаанд.


Дар аввал мақомоти Украина эълон карданд, ки ин ду нафар шаҳрвандони Осиёи Миёна  мебошанд, вале баъдан аксари расонаҳои Русия ва Украина онҳоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Расонаҳои Украина навиштанд, ин ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, ки ба узвияти «Давлати Исломӣ» муттаҳам мешаванд, баъди боздошт ба мақомоти интизомии Украина супорида шудаанд:«Ин ду нафар барои фаъолият дар гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштаанд. Онҳо омӯзишҳои низомиро дар тамрингоҳҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз худ намуда ва дар муноқишаҳои низомӣ дар қаламрави Сурия ширкат доштаанд.»- менависад, расонаи украинӣ.

Ин расона меафзояд, ки кормандони амниятии Украина аз ин ду нафар наворҳои омӯзиши бомба, маводи тарканда ва роҳҳои истифода аз телфонҳои дастӣ барои таркишҳои канорироҳиро мусодира кардаанд. Ин расона, менависад, ки масъалаи фиристодани ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба кишваре, ки онҳоро дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор додааст, матраҳ аст. Вале ҳанӯз аз ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид ягон иттилои расмӣ дар даст нест.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки узвияти гуруҳи «Давлати исломӣ-«ро доштаанд, дар ҳоле боздошт мешаванд, ки ин кишвар даҳҳо нафар шаҳрвандашро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст. Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи неруҳои ОМОН-и Вазорати дохилии Тоҷикистон, ки ба Сурия рафтааст, низ дар ҷустуҷӯи интерпол қарор дорад.

Гуруҳи «Давлати исломӣ», ки як гуруҳи террорисӣ мебошад, дар қисматҳои Сурия ва Ироқ фаъолият мекунад ва фаъролиятҳои даҳшатафкани ин гуруҳ аксари кишваҳои ҷаҳонро ба дод овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *