Боздошти фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Маскав
Хурсанд Нажмуддинов, яке аз фаъолони ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24» дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав дастгир шудааст. Дар ин бора «Ахбор» хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ боздоштшуда аз Австрия ба Маскав бо мақсади дидорбинӣ бо зану фарзандонаш, ки дар Саратов зиндагӣ мекунанд, сафар карда буд.
Сабабҳои боздошти номбурда ҳанӯз маълум нест. Хурсанд Нажмудинов аз соли 2015 дар Австрия ба сар мебарад. Манбаъ менависад, ки Нажмиддинов зимни гузаштан аз тафтиши фурудгоҳ бо сабаби дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон буданаш боздошт шудааст.
«Гуруҳи 24” як ҳаракати оппозитсионӣ аст, ки онро Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик таъсис дода буд. Қувватовро соли 2015 дар шаҳри Истамбул ба қатл расониданд.
Мухолифини тоҷик аввал куштори қувватовро ба ҳукумати Тоҷикистон рабт доданд, вале баъдан маълум шуд, ки ӯро ҳаммаслаконаш барои баҳси сармоя куштаанд.
Феълан «Гуруҳи 24” бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мамнӯъ дар кишвар буда, фаъолияти он расман манъ карда шудааст.
Чанд тан аз аъзоёни боқимондаи ин гуруҳ дар Аврупо ба сар мебаранд. Як чанд нафар фаъолони ин гуруҳро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт карданд ва баъзе аз онҳо бо хоҳиши худ ба мақомот таслим шуданд.
Мутобиқи қонунҳои ҷории мамлакат нафароне, ки дар хориҷи кишвар дар ҳайати гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ҳаракатҳои мамнӯъ ҳастанд, дар сурати бо хоҳиши худ омада ба мақомот таслим шудан авф хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ