Боздошти фолбине, ки бо доиразанӣ беморонро шифо мебахшидааст

Кормандони милитсия се нафар фолбину ҷодугарро дастгир карданд, ки яке аз онҳо Гулчеҳра Кабирова аст.

Гулчеҳра Кабирова бар он ақида аст, ки бо задани доира ва хондани сураи «Ихлос» мушкили бемор ҳал ва шифо меёбад.

Ӯ то синфи 8-ум мактаб хондааст. Ягон маълумоти тиббӣ ё динӣ надошта, бо роҳи фиреб ба боварии мардум даромадааст.

Онҳо зодаи ноҳия Варзоб мебошанд, ки аз боварӣ ва эътимоди мардум сӯйиистифода кардаанд.

Боздоштшудагон ин роҳи осонро манбаи даромади худ қарор дода, зиндагиро аз ин ҳисоб пеш мебурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *