Боздошти фолбини бахткушо тариқи “Вотсап”

Аз ҷониби мақомоти милитсия як сокини 46- солаи шаҳри Душанбе барои фолбинӣ тариқи мессенҷери “Вотсап” боздошт гардид.

Зимни кофтукоб кормандони мақомоти шаҳри Душанбе Сафарова Сафармоҳро барои машғул шудан ба фолбинуву сеҳргарӣ ва мушкилкушоӣ тариқи шабакаи мессенҷери «Вотсап» дастгир карданд.

Номбурда қаблан низ барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир шуда, акнун шакли фаъолияти худро дигар намудаааст.

Сафарова барои иҷро намудани амалҳои хурофотии бахткушоӣ ва сеҳргариву фолбинӣ маблағро низ тариқи ҳамёни электронӣ қабул намуда, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард.

Тибқи муқаррарот ва тағиру иловаҳои нав, ки ба моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, нисбати Сафарова С. ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *