Боздошти фолбини мардумфиреб дар Шаҳритус

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳритус бо иттиҳоми мардумфиребӣ, яъне машғул шудан ба «фолбинӣ ва сеҳру ҷоду» хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Гулбаҳор Исимоваи 49-сола, сокини ин ноҳия дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.

Таъкид мешавад, ки Гулбаҳор Исимова ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қулф гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Гулбаҳор Исимова барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *