Боздошти фурӯшандагони гӯшти хар

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон гуруҳеро боздошт карданд, ки баъзе аз ошхонаҳоро бо гӯшти хар таъмин мекардааст. Ин хабарро дар маркази иттилоотӣ ва таҳлилии Додситонии кулли Ӯзбекистон ҳам тасдиқ карданд.

Як корманди шуъбаи байтории ноҳияи Қуштеппа гуфт, гуруҳи мазкурро ибтидои моҳи равон дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт карданд. Амалиёт дар пайи шикояти батакрори сокинон аз садои баланди харҳо дар шаб анҷом шудааст.

Дар рафти амалиёт аз як хонаи хусусӣ, воқеъ дар деҳаи «Қора кушчӣ»-и Қуштеппа ҳамчун далели шайъӣ 140 кило гӯшти хар дарёфт ва мусодира гаштааст.

«Харҳоро шабона дар як хонаи хусусӣ кушта, гӯшти онҳоро ба марказҳои лағмону самбӯсапазии шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона интиқол медодаанд. Бо ин кор чаҳор нафар машғул буданд, ки дар ҳоли ҳозир, ҳамаи онҳо боздошт шуда, тафтишот идома дорад», — гуфт як масъули шуъбаи байтории Қуштеппа ба шарти ифшо нашудани номаш.

Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки зидди аъзои гуруҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар Ӯзбекистон гӯшти хар назар ба гӯшти гов чаҳор баробар арзон аст. Як хар 300-500 сӯм (36-40 доллар) арзиш дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *