Боздошти “хонандагони болаёқат”, ки истгоҳи воситаҳои нақлиётро шикастанд
Санаи 3-юми июни соли равон дар шабакаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он шикастани истгоҳи воситаҳои нақлиёт воқеъ дар кӯчаи А. Сино аз ҷониби ноболиғон инъикос ёфта буд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин амали харобкоронаи наврасон вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, зимнан аз мақомоти милитсияи пойтахт андешидани чораҳои таъсиррасони қонуниро талаб намудаанд.
— Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳо оперативӣ-ҷустуҷӯӣ наврасони дар навор инъикосёфта муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд. Муайян карда шуд, ки ноболиғони мазкур хонандагони синфи 7-и Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошанд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 3-юми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 13:40 дақиқа баъд аз баромадан аз муассисаи таълимӣ бо мақсади худнамоӣ такягоҳи истгоҳи воситаҳои нақлиётро шикаста, яке аз онҳо ин амали ношоями ҳамроҳони худро наворбардорӣ ва ба дигар ҳамсинфонашон ирсол кардааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон волидайни наврасон барои барқарор намудани истгоҳи воситаҳои нақлиёт муваззаф карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ